Аз рузи ба имзо расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттахид оиди одамони дорои маъюбият аз тарафи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон як сол сипари гашт. Ба ин хотир тахти унвони «Тахсилоти фарогир: мактаб барои хама» конфронси минтакави дар Донишгохи Осиёи Маркази доир гардид.
Чорабини бо ибтикори ташкилотхои волидони кудакони дорои маъюбияти вилоят дар хамкори бо Макомоти махаллии хокимияти давлатии вилоят , раесати маорифи вилоят ва Донишгохи Осиеи Маркази доир гардида, мавзуи асосии онро дастраcии кудакони дорои талаботхои махсуси таълим ба тахсилот ва мубодилаи тачрибаи коршиносон ва маорифчиёни манотики гуногуни Точикистон дар бар гирифт. Дар чорабини намояндагони сохаи маориф ва коршиносони вилоятхои Сугду Хатлон, шахри Душанбе ва шахру навохии ВМКБ инчунин намояндагони Хазинаи Кудакони ЮНИСЕФ ва филиали Фонди Каритаси Олмон дар Точикистон ширкат доштанд.
Чорабиниро бо суханони мукаддимави Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов ифтитох намуда, мехмононро ба Бадахшон хайра макдам гуфт. Кайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабинихо дар заминаи хамкори боиси густариши дустию пешравии сокинони манотики кишвархо хад гашт. Баррасии мавзуъи фарогирии кудакони дорои талаботхои махсус ба тахсилоти худ кори хайраст ва барои амалишавии он хамагон бояд кушиш намоянд.
Намояндаи Хазинаи кудакон Шахноза Валичонбекова оиди синфхои тачрибавии захирави харф зада кайд дошт ки танхо дар хамкории тарафайни волидони кудкони дорои маъюбият ва мактабхо ташкили кор дар синфхои имконпазир буда , аз он на танхо кудакони талаботхои махсуси инкишоф, балки хамаи хонандагони мактабхо бояд бахра баранд.
Намояндагони шахру навохии чумхури зимни муаррифи баромад намуда фикру акидахо ва роххову пешниходхои гуногуни дастгири ва воридкунии кудакони дорои маъюбият барраси намуданд.
Кайд гардид ки новобаста аз оне , ки дар Точикистон модели ичтимоии маъюби чизи нав аст ва онро хар як муттахасис аз диди хеш кабул менамояд , хадаф як аст ва он хам бошад дастгири ва мухаё намудани шароит барои озодона ташаккулёбии кудак ва хамагон бояд кушиш ба харч диханд ,ки дар хам дасти тарзу усулхои бехтаринро интихоб намуда, бахри фарогирии кудакони дорои маюбият ба тахсил заминаи вокеи гузоранд. Конфронс бо дастгирии молиявии "Институти Чомеаи Кушода" Бунеди Мадад дар Точикистон, Барномаи дастгирии Тахсилот Лондон - Будапешт амали гардид .