Проблема, мулохиза, маслихат

«Проблема,мулохиза,маслихат» тахти чунин унвон имруз  барнома тарики  телевизиони махалии ВМКБ дар мавзуьи тахсилоти фарогир барои кудакони дорои маъюбият пахш мегардад.

Намояндагони  муассисахои гуногун,аз чумла сармутахасиси  раёсати маорифи вилоят  Вафобек Темурбеков; коршиноси сохаи маъюбият, сарвари ташкилоти чамъиятии «Маркази иттилоотии захиравии « Инклюзия» Фарида Алибахшова; мутахассиси барномаи тахсилоти фарогири филиали муассисаи такмили ихтисоси омузгорони ВМКБ Улфатмо Отамбекова; директори маршваратгохи психологи тибби педагогии шахри Хоруг Мевагул Шамирова; сардори шуъбаи хизматрасонии ичтимои дар хонаи  назди макомоти ичроияи махалии хокимияти давлатии шахри Хоруг Фарида Сатторова фикру акидахои худро оиди пешрафти тахсилоти фарогир дар вилоят, монеахо ва душворихои  ин самт барраси намуда  пешниходхову дархостхоро барои  казовати тамошобинони Бадахшон  пешкаш намуданд. Баррандаи барнома мухарири  идораи радио ва телевизиони Бадахшон Лайло Нафасшоева дар анчоми сухбат кайд дошт, ки  махаки асосии   омузгори фарогир, мактаби фарогир ва  чомеаи  фарогир   муносибати байнихамдигарист  ва ягона монеа дар  бунеди  чомеаи инклюзиви  муносибати манфи аст, ки барои ислохи он дар  хамдасти роху усулхоро  чуем.

Барнома бо дастгирии молиявии Институти « Чомеаи кушода» Бунёди Мадад-Точикистон, Сахм дар Тахсилот- Лондон Будапешт дар чорчубаи лоихаи «Муттахид намудани кушиши аъзоёни иттиход барои амалишавии инклюзия барои кудакони дорои маъюбият дар Точикистон» амали гардид

. 

Пас аз банаворгирии барнома  иштирокчиёни он ба хузури муовини шахри Хоруг Райхонбегим  Мавлобахшова даъват гардиданд, ки масъалаи асосии вохури тахияи муштараки  накшаи гузаронидани  рузи одамони дорои маъюбият дар Точикистон 8 июль дар шахри Хоруг буд.Иштирокдорон   фикру дархостхои  худро барои чалби диккати чомеа ба монеахо   ва   хотирмон гардидани рузи 8 июл барои кудакон  пешниход намуданд.